Навиди Вазорат



Дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» баргузор гардид

.

14 сентябри соли ҷорӣ дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар кори Форум вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З. А., Муовини Сарвазир - Вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Кучкаров Ҷ. А., Вазири иқтисоди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Куантиров А. С, Вазири молия ва иқтисоди Туркманистон Ҷораев С. А., Муовини якуми Вазири технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Пекос О. А., Муовини якуми вазири рушди рақамӣ, навоварӣ ва саноати кайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон Тулеушин К. А., Муовини вазири иноватсия, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Тешабаев Х. Ф. ва Муовини вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бузрукхонов С. М. ва беш аз 300 намояндагони бахшҳои давлатию хусусии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Завқизода З. А. Форумро оғоз намуда, баён кард, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои ҳаматарафа бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла савдо, саноат, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ аҳамияти афзалиятнок медиҳад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар кишвар барои рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла Консепсия ва Барномаи рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» қабул карда шуда, Портали савдои Тоҷикистон аз соли 2019 инҷониб расман фаъолият менамояд.

Ҳамзамон Завқизода З. А. қайд намуд, ки дар соли 2022 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба соли 2021-ум 23 фоиз афзуда, ҳиссаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми умумии гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 28,2 фоизро ташкил медиҳад. Шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба ҳисоб мераванд.

Иттилоъ дода шуд, ки савдои рақамӣ 20 фоизи тиҷорати ҷаҳониро ташкил дода, тибқи арзёбии коршиносони соҳа он то соли 2025 то 25 фоиз афзоиш меёбад.

Зикр гардид, ки ММД-и минтақаи Осиёи Марказӣ дар 20 соли охир 7 маротиба зиёд шуда, рушди иқтисодии миёнасолонаи он дар сатҳи 6,2 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба рушди иқтисоди глобалӣ (2,6) 3,6 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Ҳиссаи Осиёи Марказӣ дар ММД-и ҷаҳонӣ аз рӯи ПҚХ 1,8 маротиба, гардиши савдои хориҷӣ 6 маротиба, ҳаҷми сармояи мустақими хориҷӣ дар минтақа 17 маротиба ва гардиши савдои хориҷии молу маҳсулоти кишварҳои Осиёи Марказӣ 6 маротиба афзоиш ёфтаанд.

Ин рақамҳо аз дурнамо ва имкониятҳои васеи минтақаи Осиёи Марказӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳангоми истифодаи самараноки онҳо рушди иқтисодии минтақа бамаротиб зиёд мегардад.

Дар солҳои охир минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст, аммо дар ин самтҳо ҳанӯз ҳам имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошанд.

Дар робита ба ин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар рушди иқтисодиёт таҳия намуда, дар самтҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки паркҳои технологӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ бо мақсади рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт, рушди сармояи инсонӣ ва омодасозии мутахассисон дар соҳаи ТИК ва рушди инфрасохтори иқтисоди рақамӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамоянд.

Дар Форум Муовини Сарвазир - Вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Кучкаров Ҷ. А., Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Куантиров А. С ва Вазири молия ва иқтисоди Туркманистон Ҷораев С. А. дар навбати худ оид ба тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия баромад намуда, барои дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани форум ба ҷониби Тоҷикистон изҳори миннатдории худро баён намуданд.

Дар 3 сессия мавзӯъҳои «Мубодилаи таҷриба ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ намудани низоми ҳукумати электронӣ дар кишвар», «Таҷриба ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи инноватсия» ва «Мубодилаи таҷриба ва муайян кардани дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ»-ро намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуда, фикру таклифҳои судманд пешниҳод карданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла дар самтҳои савдои рақамӣ, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир иброз намуданд.