Баррасии масоили ҳамкорӣ бо Наталия Ханженкова
2-юми июли соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Директори иҷроияи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Туркия, хонум Наталия Ханженкова баргузор гардид.
Ҳангоми вохӯрӣ масъалаҳои натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2014, омилҳои асосии рушди иқтисодиёти кишвар, инчунин ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва имкониятҳои ҳамкорию дар оянда маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар раванди мулоқот ҷонибҳо атрофи дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.