Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар ҷаноби Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ баргузор гардид
28 сентябри соли 2023 дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар ҷаноби Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ баргузор гардид.
Завқизода З.А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвар ба сатҳи олӣ баромадаанд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки ба ин мақсад барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории мушаххас талоши бештар менамоянд.
Дар навбати худ Завқизода З. А. аз Сарвазири Давлати Қатар ба ҳайси раиси Шӯрои директорони иҷроияи Мудирияти сармоягузории Қатар хоҳиш намуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар, бахусус маблағгузории сохтмони НБО Роғун, лоиҳаи сохтмони фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонӣ ва карго дар ноҳияи Данғара, модернизатсияи ҶСК «Ширкати Алюминии Тоҷик» (Талко), идомаи сохтмони маҷмааи истиқоматии «Диёри Душанбе», сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе ва инфрасохтори сайёҳӣ, кушодани хатсайрҳои мусофирбарии мустақим байни Душанбе ва Давҳа, инчунин қабули 4 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳоҷиратӣ меҳнатӣ мусоидат намояд, ки хуш пазируфта шуд.