Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Ҳолдинг» — Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ баргузор гардид

.

28 сентябри соли 2023 дар доираи ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Ҳолдинг» — Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҷониби Қатарӣ омодагии худро барои сармоягузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаҳои инфрасохтори соҳаи саноат, нақлиёт, сохтмон, сайёҳӣ, шаҳрсозӣ ва дигар лоиҳаҳои афзалиятнок баён намуд.

Ҷониби Қатарӣ иттилоъ дод, ки ҳайати мутахассисонро барои омӯзиши лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи Тоҷикистон то моҳи ноябри соли ҷорӣ сафарбар намуда, худи ҷаноби Файсал баҳори соли 2024 ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Ҳамзамон ҷониби Тоҷикистон қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну босубот дар минтақа дорои захираҳои бузурги табиӣ ва имкониятҳои васеъ барои сармоягузоронро доро мебошад ва соҳибкорони Қатарӣ ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергияи сабз, авиатсия ва инфрасохтори он, саноат, нақлиет, кишоварзӣ, содирот, логистика ва сайёҳӣ ҳавасманд мебошанд.

Қайд кардан ба маврид аст, Шайх Файсал яке аз сарватмандони бонуфузи Қатар ба ҳисоб рафта, соҳибмулки ширкати “Гурӯҳи Файсал холдинг” мебошад, ки он 20 ширкатҳои соҳаҳои гуногунро дар атрофи худ муттаҳид намуда, дар кишварҳои ҷаҳон миллиардҳо доллар сармоягузорӣ кардааст.