Ҷаласаи Шӯро оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 сентябри соли 2023 зери роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой бо иштироки намояндаи минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Оберт Пимидзай ва аъзои Шӯро аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд ҷаласаи навбатии Шӯро оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни суханронӣ Солеҳзода А. А. қайд кард, ки фаъолияти Шӯро оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафи олии стратегӣ, яъне баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бар пояи рушди устувори иқтисодӣ замина фароҳам меорад ва масъалаҳои баррасишаванда барои расидан ин ҳадаф муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар ҷаласа аз ҷониби котиботи Шӯро вобаста ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ рӯнамо пешниҳод гардид.
Инчунин аз ҷониби намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи кӯдакони СММ вобаста ба методологияи нави арзёбии камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоюлҳои охири ҷаҳонӣ дар самти камбизоатии пулии кӯдакон рӯнамоҳо пешниҳод гардиданд.
Дар анҷоми ҷаласа қарор карда шуд, ки фаъолияти Шӯро оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ тақвият ёфта, дар доираи он тавсеаҳо ҷиҳати ба инобат гирифтани масъалаҳои сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва такмил додани методологияи ҳисоби сатҳи камбизоатӣ ва тавсеаи табақаи аҳолӣ паваста пешниҳод карда мешаванд.