Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Баррасии бандҳои Нақша - чорабинӣ

.

10-уми июли соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳафтуми Гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии кор ҷиҳати татбиқи Нақша-чорабиниҳо оид ба такмили қоидаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” зери роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Дар аснои чорабинӣ масъалаҳои иҷроиши Нақша-чорабиниҳо ва баррасии рафти иҷрои қарори Гуруҳи корӣ оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонуние, ки тибқи нақша дар доираи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” таҳия мешаванд, инчунин таъсис ва ташаккули манбаи иттилоотии маълумот ва феҳристи марказонидашудаи савдо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, аъзои Гурӯҳи корӣ вобаста ба баргузории ҷаласаи навбатии машваратӣ, ки санаи 21 июли соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст, пешниҳодоти судманд баён доштанд.

Мавриди зикр аст, ки чунин як чорабинии машваратӣ бо иштироки мутахассисони бахши иқтисоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, мақомоти дахлдор вобаста ба танзими савдо ва хизматрасонӣ, инчунин роҳбарони марказҳои калони савдо ва бозорҳо 10 апрели соли 2015 доир гардида буд.

Чорабинии мазкур дар асоси Созишномаи дутарафа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва БРСММ дар доираи лоиҳаи минтақавии “Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” ташкил карда шуд.

Дар доираи ташаббуси мазкур БРСММ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мусоидат карда, саъю кушишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар татбиқ ва такмили қонунгузории кишвар дар соҳаи савдо дастгирӣ менамояд.