Иштирок ва суханронии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи 22-юми вазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай
27 сентябри соли 2023 Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид дар ҷаласаи 22-уми вазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷӣ, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони кишварҳои СҲШ муносибатҳои кишварҳо пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳамкориҳоро дар доираи ин созмон аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии худ қарор додааст.
Санаи 16-17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва 20-солагии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки барои тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои аъзои СҲШ нақши муҳимро гузошт.
Ҷонибҳо дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои рақамикунонӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, рушди тиҷорати электронӣ, иқтисоди сабз, кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёту инфрасохтор, логистика ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки дар тӯли беш аз 20 сол мо тавонистем дар маҷмӯъ дар чаҳорчӯби СҲШ ҳамкориро ба роҳ монем, ки ба таҳкими иқтидори иқтисодии Созмон нигаронида шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосгузори ин созмон мебошад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо Изҳороти вазирони давлатҳои иштирокчии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷӣ вобаста ба дурнамо ва тадбирҳои ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба имзо расониданд.
Инчунин ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.