Навиди Вазорат



Сафари кории Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Панҷ

.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2023, №24/10-32 барои таъмини иҷрои нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва бартараф кардани камбудию норасоиҳои ҷойдошта дар маҳалҳо Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар Завқизода З. А. ба 6 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ташриф оварда, ба шароити зиндагии мардум, ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, ҳолати муассисаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистон ва раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ шинос гардид. Ҳангоми вохӯрӣ ба сокинони ноҳия, Вазири рушди иқтисод ва савдо мардумро барои истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин тарғибу ташвиқ намуд.

Инчунин Вазири рушди иқтисод ва савдо ба роҳбарият ва кормандони корхонаю муассисаҳо вохӯрӣ намуда, вобаста ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, фаъолияти корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, барқарорсозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ, омодагии аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистон, бартараф кардани камбудиҳо дар самти болоравии нархи маводи ғизои, махсусан орд, ташкили ярмаркаҳои фуруши маҳсулот дар бозорҳо, таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти арзон ва дар ҳар як оила захира намудани маводи ғизоӣ барои на камтар аз ду сол дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Дар идомаи сафар рӯзи 5 октябри соли 2023 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар 9 моҳи соли 2023 бо иштироки роҳбарону фаъолон ва кормандони сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ баргузор карда шуд.

Дар анҷоми маҷлис аз ҷониби Завқизода З. А. барои ҳарчи зудтар бартараф намудани мушкилиҳои ҷайдошта ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ва дигар мақомоту сохторҳои ноҳиявӣ, инчунин роҳбарони гуруҳҳои корӣ дар ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.