Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2023

.

Санаи 6 октябри соли 2023 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2023 дар сатҳи роҳбарикунанда бо роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо мӯҳтарам Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид баргузор гардид, ки дар он тибқи ҳафт барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла;

- «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои то соли 2025» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №78);

-«Барномаи оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашудаи ғайрирасмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №439);

- «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025» (карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №213);

- «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №461);

- «Барномаи давлатии рушди саноати доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» (карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2020, №569);

- «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2025» (карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №93);

- «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» (карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №209).

Оид ба рафти иҷрои барномаҳои мазкур Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ - муовини Раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Давлатзода Қиёмиддин.- Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Шодихон Ҷамшед - Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Сафарзода Бахтиёр – Муовини вазири саноат ва технологияҳои нав ва Насруллоев Фарҳод – Муовини Директори Муассисиаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” рӯнамо пешниҳод намуданд.

Тибқи Нақшаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2023 ҷараёни иҷрои 25 барномаи соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, аз натиҷаи онҳо гузориши муфассал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.