Навиди Вазорат



Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид

.

  

11 октябри соли 2023 дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» баррасӣ гардид.

Завқизода Завқӣ Амин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004, №17 «Дар бораи ихтироъ» – ро муаррифӣ намуда, қайд намуд, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади мутобиқ намудан бо Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» таҳия гардид.

Зикр гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004, №17«Дар бораи ихтироъ» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №412 маъқул дониста шуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ манзур гардидааст.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ»-ро якдилона дастгирӣ намуданд.

Қайд бояд кард, ки дар 32 соли соҳибистиқлолии кишвар 17586 адад ҳуҷҷатҳои ҳифозатӣ ба ихтироъкорону соҳибкорон дода шудааст, аз ҷумла 15556 адад шаҳодатномаи тамғаҳои молӣ, 1417 адад нахустпатетн, 508 адад патент ба ихтироъ ва 105 адад патент ба намунаҳои саноатӣ.