Форуми иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Қатар дар шаҳри Душанбе баргузор гардид
Дар доираи сафари расмии ҳайати Давлати Қатар ба Тоҷикистон 19 октябри соли 2023 Форуми иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Қатар таҳти роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо – Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ва Роҳбари бахши сармоягузориҳои Осиё ва Африқо дар Мудирияти сармоягузории Қатар, раиси Шӯрои директорони ширкати «Ooredoo Group» — Шайх Файсал ибни Сонӣ Оли Сонӣ баргузор гардид.
Зимни Форум ҷонибҳо қайд намудаанд, ки сафари давлатии Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июни соли 2023 ва мулоқотҳои хоса бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳо як саҳифаи нав кушод.
Дар рафти Форум муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рӯнамоҳои лоиҳаҳои афзалиятнок аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Саридораи геология, ҶДММ “Авесто Гурӯҳ”, ҶСК “Ширкати Алюминии Тоҷик (ТАЛКО)” ва ҶДММ “Ғаюр Гурӯҳ” муаррифӣ гардид.
Илова бар ин ҷиҳати ҷалби маблағҳои қатарӣ дар як қатор лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла “Фурудгоҳи байналмилалии мусофирбарӣ ва боркашонии Данғара”, модернизатсияи “Ширкати Алюминии Тоҷик (ТАЛКО)”, сармоягузорӣ барои сохтмони «Нерӯгоҳи барқии Обии Роғун», “Нерӯгоҳи барқии Обии Шӯроб” ва таъсиси Маркази логистикӣ барои коркард, бандубаст, нигоҳдорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардид.
Дар навбати худ Шайх Файсал ибни Сонӣ Оли Сонӣ ва ҳайати Давлати Қатар лоиҳаҳои аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодшударо хуш пазируфта, омодагии худро ҷиҳати оғози ҳамкорӣ дар татбиқи онҳо иброз намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба ва таъмини майдони муколамаи доимӣ баён намуданд.