Навиди Вазорат



Ифтитоҳи ҶДММ “Маркази ташхисию табобатии Ориёно” дар ноҳияи Фархор

.

 

 

 

  

19 октябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Фархор бинои ҶДММ “Маркази ташхисию табобатии Ориёно”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

ҶДММ “Маркази ташхисию табобатии Ориёно” дар доираи тадбирои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Лутфия Камолова бунёд шуда, дар он шароити муосири ташхису табобат барои аҳолии ноҳия фароҳам оварда шудааст.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, сохтмони бинои маркази тиббӣ ҳануз соли 2021 оғоз гардида, аз таҳхона, панҷ ошёна ва болохона иборат аст.

Бинои мазкур аз тарафи ширкати сохтмонии ҶДММ “Фирӯз-сохтмон” дар давоми ду сол бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

Дар ҶДММ “Маркази ташхисию табобатии Ориёно” 34 нафар, аз ҷумла 6 табиб, 14 корманди миёнаи тиббӣ ва 12 нафар корманди ёрирасон ба кор ҷалб шудаанд.

Барои фаъолияти пурсамари ин маркази тиббӣ бо арзиши 12 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ харидорӣ ва васлу насб карда шудааст.

Дар таҳхонаи ин иншооти тиббӣ дорухона, ошхона, ҳуҷраи ташхиси рентгени рақамӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир карда шудаанд, ки барои ниёзмандон хизмати сатҳи баландро пешниҳод менамоянд.

Дар ошёнаи аввали бинои мазкур бо мақсади пешниҳоди хизматарсонии босифати тиббӣ ба ниёзмандон ҳуҷраҳои қабули беморон, муоина ва сабти барқии дил, муоина ва ташхиси ултрасадоӣ, муоина ва ташхиси гастроскопӣ ва ҳуҷраи рухсатии беморон ҷой дода шудааст.

Ошёнаи чорум ба бахши ҷарроҳӣ ва ҳуҷраҳои табобати интенсивӣ махсус гардонида шуда, дар ҳуҷраҳои интенсивӣ шароити мусоид барои беморони баъди ҷарроҳӣ ва ниёздошта ба эҳё фароҳам оварда шудааст.

Ошёнаи панҷум барои бахши ташхисӣ ва ҳуҷраҳои табобатӣ ҷиҳати  қабули бемориҳои дил, гӯшу гулуву бинӣ, асаб, чашм, дандон озмоишгоҳҳои клиникию биокимиёвӣ ва дар ошёнаи шашум бошад маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи кории маъмурият ҷойгир карда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароиту имконоти ин муассисаи таббӣ ба корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида, барои аҳолӣ баҳои баланд доданд.

Гуфта шуд, ки дар “Маркази ташхисию табобатии Ориёно” дасгоҳи эндовидеоҷарроҳии истеҳсоли ширкати овозадори “Delmont”-и Ҷумҳурии Фаронса харидорӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Арзиши ин тавҳизот наздики 2 миллион сомонӣ буда, дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ягона мебошад.

Ба гуфтаи масъулин дар оянда бо истифода аз имкониятҳои ин марказ бо ҷалби мутахассисони сатҳи минтақа ва ҷумҳуриявӣ амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ ва дигар усулҳои муоина, ташхис ва табобати бемориҳои гуногун ба роҳ монда мешавад.

Бо оғози фаъолияти “Маркази ташхисию табобатии Ориёно” аҳолӣ имкон доранд, ки барои ташхису табобат бе харҷи маблағи зиёд ва сарфаи вақт дар назди хонаҳои худ аз хизматарсонии сатҳи баланд баҳравар гарданд.

Дар Марказ барои интиқоли бемороне, ки ба кумаки тиббии фаврӣ ниёз доранд як адад автомобили махсусгардонидашуда низ фаъолият мекунад.

Дар бино маҷмуан 20 кати хоб, аз ҷумла 5 кат барои бемориҳои дил, 5 кат барои бемориҳои асаб, 5 кат барои бемориҳои амрози даруна ва 5 кат барои бемориҳое, ки ба ҷарроҳӣ ниёз доранд ҷудо карда шудааст.

Барои ҷиҳозонидани ин ҳуҷраҳо таҷҳизоти тиббӣ, ба монанди рентгени рақамӣ, муоинаи гастроскопӣ, муоинаи ултрасадоӣ, кардиомониторҳо, кати ҷарроҳӣ, дастгоҳҳои озмоишгоҳӣ ва дигар таҷҳизоти муосири тиббӣ васлу насб карда шудааст.

 

http://prezident.tj/node/31630