Вохӯрии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло бо Ноиби президенти университети Хирошима-Президенти ҷамъияти арзёбии Ҷопон, профессор Йоко Ишида
Санаи 27 октябри соли 2023 бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2023, №35208(29-4.1) мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ва роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор бо Ноиби президенти университети Хирошима-Президенти ҷамъияти арзёбии Ҷопон, профессор Йоко Ишида ва ҳайати он баргузор гардид.
Восидиён Ф. С. меҳмононро хайрамақдам гуфта, барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти тақвият бахшидани иқтидори зеҳнии мақомоти давлатӣ ва рушди инфрасохтори кишвар изҳори сипос намуд. Қайд карда шуд, ки тибқи қисми 5 банди 18 Низомномаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисод ва савдо Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, яке аз вазифаҳои асосии он ҳамоҳангсозии амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои миёнамуҳлати рушд, Ҳадафҳои рушди устувор якҷо бо барномаву стратегияҳои соҳавию минтақавӣ мебошад.
Ҳамзамон дар доираи Гурӯҳи кории 13-и Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар ва Ҳадафҳои рушди устувор корҳо тақвият дода шуда, якҷо бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ семинарҳои омӯзишӣ ва машваратҳо бо ҷалби мутахассисон аз Ҷопон бо дастгирии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) гузаронида шуд.
Дар ҷаласа аз ҷониби профессор Йоко Ишида дар мавзӯи “Бозёфтҳо ва омӯзишҳо оид ба Мониторинг ва арзёбӣ дар Тоҷикистон”, рунамо пешкаш гардида, масъалаҳо вобаста ба гузаронидани мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии кишвар ва мушкилиҳо дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии кишвар изҳор намуданд.