Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Муовини Раиси Ҳукумати ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин
2 ноябри соли 2023 дар доираи баргузории ҷаласаи 6-уми Зеркомиссияи Тоҷикистону- ноҳияи Мухтори Синзиян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назди Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Восидиён Фарҳод Саъдулло ва Муовини Раиси Ҳукумати ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Сун Хунмей баргузор гардид.
Восидиён Ф. С. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.
Қайд гардид, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳар ду давлат ва таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар 9 моҳи соли 2023 ба 1065 млн. доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 100 млн. доллар ё 10,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи Чин дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 20,7 фоизро ташкил намуда, мавқеи 2-юмро ишғол намуд.
Ҳамзамон дар доираи вохӯрии мазкур ҷонибҳо аз Осорхонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.
Дар охир ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.