Навиди Вазорат



Ҷаласаи 6-уми Зеркомиссияи минтақаҳои ҳамсояи “Тоҷикистону- ноҳияи Мухтори Синзиян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин” дар назди Комиссияи байниҳукуматии Чину Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид

.

  

2 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 6-уми Зеркомиссияи Тоҷикистону- ноҳияи Мухтори Синзиян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назди Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ таҳти ҳамраисии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Восидиён Фарҳод Саъдулло ва Муовини Раиси Ҳукумати ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Сун Хунмей баргузор гардид.

Восидиён. Ф. С. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.

Дар доираи ҷаласаи мазкур ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои тавсеаи савдо, аз ҷумла рушди содироти маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, иқтисоди сабз, кишоварзӣ, инчунин афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Чин, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистика пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.

Музокирот дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи зеркомиссия протокол ба имзо расонида шуд.