Баргузории Форуми иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин
2 ноябри соли 2023 дар Китобхонаи миллии шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи шашуми Зеркомиссияи муштараки Тоҷикистону ноҳияи Мухтори Синзиян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чини назди Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ Форуми соҳбкорӣ ва иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки муовини Сарвазири кишвар Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ва узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин, котиби Кумитаи ҳизбии ноҳияи Мухтори Синзиян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ма Синжуй баргузор гардид.
Дар доираи Форум бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкориҳо вобаста ба масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мақсади суръат бахшидан ба раванди саноатикунонии минтақа, татбиқи лоиҳаҳои муштараки паркҳои технологӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва технологияҳои муосир, инчунин иқтисоди сабз, содагардонии расмиёти савдо ва тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми тиҷорати электронӣ дар минтақа, рушди инфросохтори нақлиётӣ, энергетикӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкори байни соҳибкорони ҳарду тараф муколама сурат гирифт.
Илова бар ин дар доираи Форуми мазкур 25 санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла байни Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ҶСК “ТВЕА”-и Чин, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, донишгоҳҳои ҳарду тараф, муассисаҳои тиббӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ҳамзамон ба маблағи умумии зиёда аз 100 млн. доллари ИМА шартномаҳо байни субъектҳои хоҷагидорӣ ба имзо расонида шуданд.