Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори бонки Рушди Авруосиё Дар Тоҷикистон

.

 

 

 

  

14 ноябри соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо/ваколатдор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки рушди Авруосиё Завқизода Завқӣ Амин бо директори Бонки рушди Авруосиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Якунин Владимир Николаевич баргузор гардид.

 Завқизода З. А. қайд намуд, ки дар доираи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла бо Бонки рушди Авруосиё барои рушди иқтисоди миллӣ аҳамияти муҳим дорад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Авруосиё, татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятнокро дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар ва дурнамои ҳамкориҳои миёнамӯҳлат баррасӣ намуданд.

Бояд қайд кард, ки то имрӯз аз ҷониби Бонки рушди Авруосиё ва сохторҳои он 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 266,4 миллион доллар, аз ҷумла 7 лоиҳаи грантӣ ва имтиёзноки Фонди Авруосиёии субот ва рушди Бонки рушди Авруосиё ба маблағи 215 миллион доллар ва 6 лоиҳаи худи Бонк ба маблағи 51,4 миллион доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидаанд.