Навиди Вазорат



Мулоқоти Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси вилояти Шэнси

.

  

15 ноябри соли 2023 дар шаҳри Сиани вилояти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Восидиён Фарҳод Саъдулло бо Раиси вилояти Шэнси Чжао Ган баргузор гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Саидзода Зоҳир Озод, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳурзода Саид, мудири бахши Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаниев Хусрав, сармутахассиси Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Хитой иштирок намуданд.

Восидиён Ф.С. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ҳарду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои кишварҳо пайваста инкишоф ёфта, ба сатҳи баланд баромадаанд.

Дар робита ба ин қайд гардид, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Хитой 10 фоиз ва дар панҷ соли охир ин нишондиҳанда тақрибан ду баробар афзоиш ёфта, Хитой дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷойи 2-юм қарор дорад.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ сурат гирифта, дар ҷараёни он ҷонибҳо самтҳои ояндадори ҳамкорӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ оид ба истихроҷи маъдан ва коркарди металлҳо то маҳсулоти ниҳоӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба бозори Хитойро баррасӣ карданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва амалӣ намудани нақшаҳои қайдгардида иброз намуданд.