Иштирок ва суханронӣ дар 2-юмин Форуми Боку оид ба рушди устувор
Ҷиҳати муаррифии роҳҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ва маблағгузории инноватсионӣ, бахусус сармоягузории сабз муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. дар 2-юмин Форуми Боку оид ба рушди устувор дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон санаи 15-16-уми ноябри соли 2023 иштирок ва суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи банақшагирии стратегии кишвар таҳким ёфта, ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар ин самт мутобиқ ба ҲРУ- Рузномаи 2030 СММ таҳия ва амалӣ гардонида шуда истодаанд. Тоҷикистон самти рушди иқтисоди “сабз”-ро интихоб намуда иқтидорҳои калон дар ин самт дорад. Бинобар ин аз ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷиҳати ҳамкорӣ ва сафарбаркунии сармоя дар амалигардонии Стратегия рушди иқтисоди “сабз” даъват ба амал оварда шуд.
Ҳамзамон дар ҳошияи ин чорабинӣ якчанд мулоқоту вохӯриҳои кутоҳ бо намояндагони бахшҳои давлатию хусусӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла бо муовини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиб Маммадов оид ба рафти татбиқи ҳуҷҷатҳои дуҷониба ва роҳҳои густариши ҳамкориҳо дар самти савдо, нақлиёт, коркарди нафт, сармоягузорӣ ва дигар самтҳо мусоҳиба карда шуд.