Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 16 ноябри соли 2023 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашнҳои муҳими таърихӣ самимона табрику таҳният намуд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки ҳамаи дастовардҳои замони истиқлол, ваҳдату якпорчагии миллат маҳз ба фаъолияти пурсамар ва азму иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дошта, давлати мо дар самти рушди устувор ва таъмини зиндагии арзандаи халқи Тоҷикистони маҳбубамон ба комёбиҳои беназир ноил гардид.
Аз ҷумла новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ дар давраи солҳои 2000-2022 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 млрд. сомонӣ то 118,2 млрд. сомонӣ ё 66 маротиба, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 289 сомонӣ то ба 11,8 ҳазор сомонӣ ё 41 маротиба, даромади буҷети давлатӣ 144 маротиба, музди миёнаи меҳнат 111 маротиба, андозаи нафақа 80 маротиба, ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ 167 маротиба зиёд гардид.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 22,5 фоиз коҳиш ёфта, 3430 адад муассисаҳои нави таълимӣ, 2827 адад муассисаҳои нави тиббӣ, зиёда аз 2400 км роҳҳо ва беш аз 2 ҳазор мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Инчунин қайд гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Асамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 5 ташаббуси ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Соли байналмилалии оби тоза, 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ва соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро қабул намуд ва аз 21 марти соли 2025 Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамчун ҷашн ҳамасола таҷлил карда мешавад.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарият ба кормандони вазорат дастур дода шуд, ки доимо барои ҳифз ва тақвият додани дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар фаъолияти кориву шахсии худ ҷидду ҷаҳд намоянд.