Навиди Вазорат



Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 18-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) оид ба савдоро раисӣ намуд

.

  

Рӯзи 20 ноябри соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи 18-уми Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо бо иштироки муовинони вазирон ва намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагон аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардид, ки чорабиниро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин раисӣ намуд.

Нуриддинзода А. Н. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳамчун раиси Гурӯҳи кории қайдгардида оид ба корҳои иҷрогардида дар доираи СПЕКА, аз ҷумла масъалаҳо вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзои СПЕКА, Стратегия оид ба содагардонии расмиёти савдои СПЕКА, тавсеа ва татбиқи минбаъдаи ҳадафҳо барои савдои устувор дар минтақа, таҳқиқот ва тавсияҳо вобаста ба монеаҳои ғайритарифӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар дар соҳаи савдо муайян намуданд, ки дар натиҷаи он дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст.

Аз ҷумла Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуда, Портали савдои Тоҷикистон ва низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор дошта, инчунин якчанд ҳуҷҷатҳои стратегии марбут ба савдо қабул гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии СПЕКА ва тақвияти ҳамгироии тиҷоратии минтақавӣ мусоидат менамояд.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъкид намуд, ки ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои аъзои СПЕКА марҳила ба марҳила дар ҳоли рушд қарор дорад, аз ҷумла гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаи СПЕКА дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 26 фоизро ташкил дод.

Ҳамзамон дар доираи ҷаласа аз ҷониби коршиносони ташкилотҳои байналмилалӣ вобаста ба мавзӯҳои баррасигардидаи чорабинӣ ва рушди робитаҳои минтақавӣ рӯнамоҳо пешниҳод карда шуд.

Қайд бояд кард, ки Тоҷикистон раисии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дорад ва ҷаласаҳои он ҳамасола дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои СПЕКА дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мегардад.

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби Раиси Гурӯҳи корӣ - Нуриддинзода А. Н. ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи савдо байни кишварҳои манфиатдор тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.