Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи 18-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА иштирок намуд ва самтҳои афзалиятноки фаъолиятро дар солҳои минбаъда пешниҳод кард
23 ноябри соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи 18-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин иштирок ва суханронӣ намуд.
Завқизода З. А. ба ҷониби Озарбойҷон барои пазироии гарм ва сатҳи баланди омодагӣ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи СПЕКА таваҷҷуҳи махсус дода, аз кишварҳои аъзои он даъват намуд, ки ҳамкориҳои зичи минтақавиро тақвият бахшанд.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои стратегӣ ба Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА пешниҳод намуд, ки ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти зерин дар солҳои минбаъда, аз ҷумла соддагардонии расмиёти савдо ва рафъи монеаҳои сунъӣ дар савдо, рушди долонҳои мултимодалии нақлиётӣ ва иқтисодӣ, рушди иқтисоди "сабз" ва рақамикунонӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.
Дар доираи ҷаласаи мазкур масъалаҳои таъсиси фонди мақсадноки СПЕКА, доираи пешбурди фаъолияти СПЕКА, Саммити СПЕКА, Харитаи роҳ оид ба рақамикунонии мубодилаи мултимодалии маълумот ва ҳуҷҷатҳо дар гузаргоҳи миёнаи нақлиётии фарохазарӣ бо истифода аз воситаҳои ҳуқуқӣ ва стандартҳои СММ ва интихоби кишвари навбатии раисикунандаи СПЕКА баррасӣ карда шуданд.
Қайд бояд кард, ки таи шаш соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон таъсиси фонди мақсадноки СПЕКА-ро пешниҳод менамуданд ва имрӯз аллакай масъалаи мазкур ҳалли худро ёфт.
Дар охири чорабинӣ Шӯрои роҳбарикунанда ҳамчун мақоми олии СПЕКА қарорҳои дахлдорро дар бораи таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ қабул кард.
Бояд қайд кард, ки СПЕКА соли 1998 таъсис ёфта, кишварҳои иштирокчии он Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Афғонистон мебошанд.