Навиди Вазорат



Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

24 ноябри соли 2023 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавии ҳайати кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. ифтитоҳ карда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Қайд кард, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории муосир, таҷассумгари таъриху рукнҳои давлатдории миллати тоҷик, ҳамзамон ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистони азизамон мебошад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: "Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад".

Дар ҳамоиш мутахассиси пешбари Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии вазорат Илҳомзода Иззатулло вобаста ба моҳият ва таърихи Парчами давлатӣ баромад намуд.

Ҳамоиш дар фазои тантанавӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва таърихиву сиёсии миллиамон баргузор гардид.

  

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное