Навиди Вазорат



Дар ҷаласаи 10- уми Кумитаи ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел, Белгия ҷонибҳо барои афзоиш додани маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд

.

  

27 ноябри соли 2023 дар шаҳри Брюссел, Белгия таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Сарпарасти кишварҳои Осиёи Марказӣ, Сардори Департаменти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Люк Девин ҷаласаи 10 - уми Кумитаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо гузаронида шуд.

Дар оғози ҷаласа Завқизода З. А. қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики рушди боэътимод ва муҳим барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар меҳисобад.

Бахусус Иттиҳоди Аврупо аз соли 2012 ин ҷониб 345 миллион евро ба рушди соҳаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудааст ва дар соли 2022 гардиши савдои хориҷии дуҷониба 12,5 фоиз рушд карда, 490 миллион долларро ташкил дод.

Дар робита ба ин вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Аврупо муҳтарам Шарл Мишел дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо 2 июни соли ҷорӣ барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба саҳифаи нав кушод.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла тиҷорату иқтисод, иқтисоди сабз, сармоягузорӣ, саноат, рақамикунонӣ, дастгирии буҷет, маориф, тандурустӣ, амнияти сарҳадот, ҳамгироии минтақавӣ, шомилшавӣ ба низоми бархурдории GSP+, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, идоракунии захираҳои об, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Завқизода З. А. оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои қайдгардида мухтассар маълумот дода, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дархост ба амал овард, ки ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла энергияи сабз, бахусус сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ ва таҳкими сарҳадот маблағгузориро зиёд намояд.

Иттиҳоди Аврупо дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рушди иқтисодию иҷтимоӣ хуб арзёбӣ карда, омодагии худро барои маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки қайдгардида баён намуд.

Дар навбати худ Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дод, ки дар доираи марҳилаи аввали Барномаи индикативии Иттиҳоди Арупо барои солҳои 2021- 2024-ум 91 миллион евро барои самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон равона мегардад.

Дар ҷавоб ба дархости Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупо дастгирии буҷети кишварро аз нав оғоз намуда, 30 миллион евро барои дастгирии буҷет пешбинӣ намуд, ки 4 миллиони онро аллакай ҷудо кард, инчунин лоиҳаҳои рушди занҷираи иловашуда дар соҳаи нассоҷӣ, “Омодагӣ ба тиҷорат” ва ислоҳот дар соҳаи энергетикаро ба маблағи умумии 64,5 млн. евро оғоз намуд.

Инчунин вобаста ба манфиатҳои бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии НБО “Роғун” барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа маълумоти муфассал пешниҳод гардида, аз Иттиҳоди Аврупо даъват карда шуд, ки барои сохтмони ин иншооти бузург маблағ ҷудо намояд.

Ба ғайр аз ин аз ҳисоби маблағҳои минтақавӣ 80 млн евро барои лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаҳои “Идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ва Барнома оид ба пешгирии паҳншавии нашъамандӣ дар Осиёи Марказӣ (КАДАП) ҷудо намуд.

Ҳамзамон дар рафти ҷаласаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи нави Барномаи бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2024-2027 дар ҳолати таҳия қарор дорад ва ҳаҷми маблағгузории он соли 2024 муайян карда мешавад.

Инчунин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди ҳамкориҳои минбаъда бо Иттиҳоди Аврупо якчанд лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла лоиҳаҳои татбиқи “Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, «Рушди инфрасохтори иҷтимоӣ», (КАДАП-7) ва «Таъсиси технологияҳои бисёрхизматии алоқа байни сохторҳои қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ» ҷиҳати маблағгузорӣ пешниҳод гардиданд.

Илова бар ин тарафҳо рафти таҳияи Созишномаи нави шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро хуш пазироӣ намуда, суръат бахшидани раванди мувофиқасозии онро зарур шумориданд.

Дар кори ҷаласа инчунин намоядагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия Ҳусейнзода Музаффар, муовини Вазири энергетика ва захираҳои об Сафарзода Манучеҳр, сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Орзузода Фируз ва сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Дилшод Шарифи ва аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо сардори Раёсати Шарқи Наздик/Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ, Директори генералӣ оид ба шарикии байналмилалии Комиссияи Аврупо Сара Риналди, инчунин сардори Раёсати Осиёи Марказӣ ва Хадамоти робитаҳои хориҷии Аврупо Дитмар Крисслер иштирок намуданд.