Навиди Вазорат



Дар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо муовини Директори генералии масъули кишварҳои Осиёи Комиссияи Иттиҳоди Аврупо сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба мусбӣ арзёбӣ гардиданд

.

  

28 ноябри соли 2023 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо муовини Директори генералии масъули кишварҳои Осиёи Комиссияи Итттҳоди Аврупо хонум Дора Коррейя вохӯрӣ намуда, тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, иқтисоди сабз, рақамикунонӣ, энергетика, нақлиёту логистика, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим байни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ Завқизода З. А. қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун шарики рушди боэътимод ва муҳим барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ меҳисобад.

Ҳамзамон Вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои номбурда маълумоти муфассал пешниҳод намуда, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дархост ба амал овард, ки ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла энергияи сабз, бахусус сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиет ва логистика, рақамикунонӣ ва таҳкими сарҳадот маблағгузориро зиёд намояд.

Дар ҷавоб хонум Дора Коррейя дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди кишвар муваффақ арзёбӣ карда, омодагии худро барои дастгирии соҳаҳои афзалиятноки қайдгардидаи Тоҷикистон баён намуд.

Илова бар ин иттилоъ дода шуд, ки дар даҳаи якуми декабри соли 2023 ҳайати бонуфузи Иттиҳоди Аврупо бо мақсади баргузории гуфтушунидҳо ҷиҳати баррасии масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои бисёрсамта ба Тоҷикистон сафар менамояд.