Навиди Вазорат



Иттиҳоди Аврупо барои сармоягузории рушди долонҳои иқтисодию нақлиётии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ Осиёи Марказӣ омодагӣ баён кард

.

  

28 ноябри соли 2023 дар шаҳри Брюссел, Белгия дар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Мушовири Директорати генералии ҳамкориҳои байналмиалии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Ҳенрик Ҳололей ба рушди долонҳои иқтисодию нақлиётии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ Осиёи Марказӣ ва ҳамгироии минтақавӣ таваҷҷуҳи хоса дода шуд.

Дар вохӯрӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои иқтисод ва савдо, рушди ҳамкориҳои бисёрсамтаи Тоҷикистону Иттиҳоди Апрупо маълумоти муфассал пешниҳод намуда, аз ҷониби Иттиҳоди Апрупо даъват ба амал овард, ки барои рушди соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла долонҳои иқтисодию нақлиётӣ, энергетика, бахусус сохтмони НБО “Роғун”, иқтисоди сабз, рақамикунонӣ, сохтмони долонҳои логистиқию нақлиётӣ ва роҳҳо бо мақсади баромадан ба бандарҳои баҳрӣ маблағгузорӣ намояд.

Дар навбати худ Ҳенрик Ҳололей қайд кард, ки минтақаи Осиёи Марказӣ барои ташаббуси “Дарвозаи глобалӣ” - и Иттиҳоди Аврупо бо мақсади пайваст намудани минтақаи Осиёи Марказӣ бо Аврупо муҳим буда, омодааст барои рушди долонҳои иқтисодию нақлиётии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ намояд.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки охири моҳи январи соли 2024 аввалин Форуми сармоягузории Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Апрупо баргузор гардида, барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи сармоягузорони аврупоӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ имконияти фаровон фароҳам меоварад ва даъват ба амал оварда шуд, ки Тоҷикистон дар он фаъолона иштирок намуда, имкониятҳои фаровони худро ба сармоягузорони Аврупо муаррифӣ намояд.