Навиди Вазорат



Баррасии масъалаҳои тағйирёбии иқлим, содагардонии расмиёти савдо ва рақамикунонӣ дар Конфронси 22-юми вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (БҲИМОМ)

.

  

30 ноябри соли 2023 дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Гурҷистон ва вазирони аъзои БҲИМОМ Конфронси 22-юми вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло иштирок ва суханронӣ намуд.

Восидиён Ф.С. пеш аз ҳама ба ҷониби Гурҷистон барои сатҳи баланди омодагӣ ва ташкили Конфронси 22-юми вазирони кишварҳои аъзои БҲИМОМ дар шаҳри зебои Тифлис изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки чорабинии имрӯза дар роҳи тараққиёти минбаъдаи тиҷоратию иқтисодии кишварҳои аъзои Барнома қадами муҳим хоҳад буд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо зимни суханронии худ қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯбаи БҲИМОМ аҳамияти хоса зоҳир карда, имрӯз ҳиссаи кишварҳои аъзои он дар гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 44 фоизи ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад.

Дар рафти Конфронс иштирокчиён асосан ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, диверсификатсияи ҷараёнҳои савдо ва хатсайрҳои транзитию нақлиётӣ дар минтақа, инчунин содагардонии расмиёти савдо, рақамикунонӣ ва густариши тиҷорати электронӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, вобаста ба ин масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.