Дар доираи ҷаласаи Ҳафтаи АвруОсиёии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисоди ва Рушд (СҲИР) вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сардори шуъбаи АвруОсиёии СҲИР баргузор гардид
12 декабри соли 2023 дар доираи ҷаласаи Ҳафтаи АвруОсиёии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисоди ва Рушд (СҲИР) дар шаҳри Парижи Фаронса вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сардори шуъбаи АвруОсиёии СҲИР ҷаноби Уилиям Томпсон баргузор гардид, ки дар кори он Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Восидиён Фарҳод Саъдулло иштирок ва суханронӣ намуд.
Восидиён Ф. С. қайд намуд, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайгирии Ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати кишвар дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 имкон дод, ки устувории макроиқтисодӣ дар кишвар таъмини карда шуда, рушди миёнасолонаи иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 7,5 фоиз таъмин гардад.
Аз ҷумла рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар моҳҳои январ – октябри соли 2023 дар сатҳи 8,3 фоиз таъмин гардид.
Сипас вобаста ба дастовардҳои иқтисоди миллӣ дар самти ҳадафҳои стратегии кишвар ва ислоҳоти гузаронидаи Ҳукумати кишвар дар самтҳои мазкур маълумот дода шуд.
Дар охир ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.