Навиди Вазорат



Муаррифии дастовардҳои кишвар дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Ҳафтаи АвруОсиёии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

14 декабри соли 2023 дар доираи ҷаласаи навбатии вазирон, ки дар шаҳри Парижи Фаронса оид ба Ҳафтаи АвруОсиёии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) баргузор гардид, Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло иштирок намуда, оид ба дастовардҳои кишвар дар самти содагардонии расмиёти савдо суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, дигаргунсамтии содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар дар соҳаи савдо муайян намуданд, ки дар натиҷаи он дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст.

Аз ҷумла Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуда, Портали савдои Тоҷикистон ва низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор дошта, инчунин якчанд ҳуҷҷатҳои стратегии марбут ба савдо қабул гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар ва тақвияти ҳамгироии тиҷоратии минтақавӣ мусоидат менамояд.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро бо дигар кишварҳои минтақа дар заминаи рушди иқтидори бузург дар соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, логистика, сайёҳӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самти рақамикунонӣ ва гузариш ба «иқтисоди сабз» мебинад.

  

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное