Навиди Вазорат



Иштироки Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо дар 7-умин Саммити иқтисодии Истанбул зери унвони “Зиндагии устувор ва шаҳри ҳушманд”

.

  

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. дар 7-умин Саммити иқтисодии Истанбул, ки рӯзҳои 8-9 декабри соли 2023 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.

7-умин Саммити иқтисодии Истанбул зери унвони “Зиндагии устувор ва шаҳри ҳушманд” баргузор гардид.

Солеҳзода А. А. дар панели “Масир ва имкониятҳои ояндаи соҳаи саноат” суханронӣ намуда, ба иштирокчиён маълумоти мушаххас вобаста ба иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи саноат, аз ҷумла ҳадафи 4-уми стратегӣ - саноаткунонии босуръати кишвар ва стратегияву барномаҳои давлатии дахлдор пешниҳод намуд. Ҳамзамон, зимни мубоҳисаҳо ташаббусҳои башардустонаи сатҳи глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, об ва пиряхҳо манзур гардид. Таъкид гардид, ки дар кишвар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти рушди иқтисоди “сабз” ва иқтисоди рақамӣ мавриди амал қарор доранд.

Дар доираи баргузории Саммит роҳбари ҳайати Тоҷикистон Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо аз корхонаҳои туркию хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятнок, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар даъват ба амал овард.

Ҳамзамон, дар ҳошияи чорабинии мазкур ҳайати кишвар бо роҳбарони корхонаҳои “KOLUMAN” (васлу насби мошинҳои боркаши тамғаи Мерседес дар Туркия), “HYDROGENIX” (истеҳсоли барқ аз ҳидроген, яъне нерӯи ҳидрогенӣ), “Klaus&Miller” (истеҳсоли неругоҳҳои барқи бодӣ), “FUZUL” (ширкати сохтмонӣ) ва Раиси Ассотсиатсияи сайёҳии Олмон “DRV” вохӯрӣ анҷом дода, зимни онҳо имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорҳои мутақобилаи судманд ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.