Навиди Вазорат



Омодагии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ба тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024

.

  

15 декабри соли 2023 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» баргузор гардида, дар он омодагии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷаласа таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ - аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ тариқи ҳузурӣ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он тариқи маҷозӣ иштирок намудаанд.

Бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, аз рафти иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқӣ ва ғайра мавриди омӯзиш қарор дода, гузориши дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ҳисоботҳо вобаста ба омодагӣ ба зимистонгузаронӣ манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захирамамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншоотҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби Роҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ва ситодҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 супоришҳои мушаххас дода шуданд.