Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ҷашни Истиқлол дар Вазорат

.

Бахшида ба 24-уми солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили сазовор аз 700 - солагии шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 7 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорат, кормандони Дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва номзади илмҳои педагогӣ, ходими калони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, Саидзода Ҷамолиддин ширкат варзиданд. 

Дар оғоз Вазир, Н.Ҳикматуллозода кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дар симои онҳо тамоми ҳамватанони азизамонро ба ифтихори ҷашнҳои бисёр фархунда - Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 700 солагии Мир Саиди Ҳамадонӣ самимона табрик гуфта, дар фаъолияти ҳамарӯзаашон ба хотири ободии Ватани азизамон барору комёбӣ орзу намуданд.

 Ҳамчунин, роҷеъ ба моҳият ва аҳамияти истиқлолият, рушду пешрафти ҷумҳурӣ дар марҳилаҳои истиқлолият, мавқеи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ибрози назар намуданд.

Сипас, оид ба ҳаёт ва фаъолияти шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ номзади илмҳои педагогӣ, Саидзода Ҷамолиддин бо маърӯзаи пурмӯҳтаво баромад карданд.

Дар интиҳои чорабинӣ бошад як қатор кормандони фаъоли Вазорат бо нишонҳои сарисинагии соҳавӣ ва «Ифтихорнома»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо сарфароз гардонида шуданд.