Навиди Вазорат



Таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 баргузор гардид

.

  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барқияи ҳукуматӣ аз 27 декабри соли 2023, №24/10-69 рӯзи 6 январи соли 2023 таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин маҷлиси ҷамъбастии ноҳияи Панҷ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ гузориши масъулин оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия, фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ дар соли 2023 ва ҳолати корҳои омодагӣ ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ шунида шуда, вазифаҳо барои соли 2024 муайян карда шуданд.

Завқизода З. А. ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ҷиҳати иҷрои саривақтию сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода додани иншооти ҷашнӣ, истифодаи оқилонаи замин, гирифтани 3-4 ҳосил, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ватандӯстии сокинони ноҳия, инчунин бартараф намудани камбудиҳо ва норасогиҳои ҷойдошта дар ноҳия супоришҳои дахлдор доданд.