Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин, бо иштироки муовини якум ва муовинони Вазир, Мушовири бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Қосимзода Иноятулло, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, намояндагони тиҷоратӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорат дар соли 2023 ва вазифаҳо то нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид.
Ҷаласаи Ҳайати мушовара бо суханони ифтитоҳии Вазири рушди иқтисод ва савдо оғоз гардида, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2023 ва вазифаҳо то нимсолаи якуми соли 2024 аз ҷониби муовини Вазир Восидиён Ф. С. гузориши муфассал тариқи рӯнамо пешниҳод гардид.
Завқизода З. А. ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои низомномавии вазорат, инчунин бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва бозҳам беҳтар кардани фаъолият дар соли 2024 ба масъулин супоришҳо дод.
Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарони раёсатҳо ва муассисаҳои зертобеи вазорат дар бораи фаъолияташон ҳисобот пешниҳод карда шуд. Дар охири ҷаласаи Ҳайати мушовара вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардидаанд.