Анҷумани иқтисодии байналмилалии Ҳисор-3000
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади мусоидат намудан дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди минтақаҳои алоҳидаи он, чун анъана анҷуманҳои байналмилалии иқтисодиро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамасола баргузор менамояд.
Соли ҷорӣ Вазорат тасмим гирифтааст, ки Анҷумани иқтисодии байналмилалии Ҳисор-3000 дар мавзӯи “Нақши соҳибкорӣ дар рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”рӯзҳои 8-9 октябри соли 2015 дар доираи нахустин солгарди “Рӯзи Соҳибкор” таҳти сарпарастии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор намояд.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур мониторинг, арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои гуногуни дар минтақаи мазкур татбиқшаванда, баррасии рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои тобеи марказ, ҷалби сармоягузориҳо ва муҳокимаи масъалаҳои беҳтар намудани шароит барои рушди соҳибкорӣ дар минтақаи мазкур мебошад.
Ҳамзамон, дар доираи конфронси мазкур гузаронидани намоиши дастовардҳои молҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар қалъаи Ҳисор пешбинӣ шудааст.
Дар робита ба ин, Вазорат ҳамаи ташкилоту, муассисаҳо, ширкату, ассотсиатсияҳо ва созмонҳои ғайриҳукуматиро ҷиҳати иштироки фаъол дар кори Форум даъват менамояд.
Хоҳишмандем иштироки намояндаи худро бо рақамҳои зерин тасдиқ намоед: 223-17-51, 904110001 ё e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.