Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуд

.

  

30 январи соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии БИР аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати Бонки Исломии Рушд (БИР) таҳти роҳбарии Директори минтақавии БИР дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баргузор гардид.

Ҷонибҳо натиҷаҳои вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи БИР муҳтарам Муҳаммад Сулайман Ал-Ҷассер дар 11 ноябри соли 2023 – ро пайгирӣ намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ ва сабз, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, тандурустӣ ва маориф мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷаноби Иброҳим Шукрӣ иттилоъ дод, ки аз рӯи натиҷаи вохӯрии Президентҳо БИР барои лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» 250 млн. доллар ҷудо намуда, барои зиёд намудани ин маблағ корбарӣ мекунад.

Ҳамзамон бо маблағгузории БИР амалишавии лоиҳаҳои «Дастгирии татбиқи Стратегия миллии рушди соҳаи маориф» ба маблағи 86 млн. доллар, «Сохтмону таҷдиди роҳи мошингарди Гулистон – Фархор – Панҷ – Дустӣ» ба маблағи 41 млн. доллар пешбинӣ шудааст.

Қайд бояд кард, ки то имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи БИР лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 633 миллион доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.

Айни ҳол 5 лоиҳаи Гурӯҳи БИР дар ҳаҷми умумии 231 миллион доллар мавриди амал қарор дошта ва 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 391 миллион доллар пешбинӣ шудааcт.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.