Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори Миссияи Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

1 феврали соли 2024 мулоқоти Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо Директори Миссияи Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар доираи он масъалаҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.

Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки USAID таҷриба ва имкониятҳои технологии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро метавонад барои татбиқи ҳадафҳо ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон ва ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор тавассути фаъолсозии ҳамкориҳои мо дар соҳаи инноватсия ва технология ҷалб намояд.  

Дар анҷоми мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ, кушод ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушд ва тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои қайдгардида иброз намуданд.