Навиди Вазорат



ПРЕСС- РЕЛИЗ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2023

.

 

 

 

Вазорати рушди иқтисод ва савдои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ПРЕСС- РЕЛИЗ

оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2023

Дар соли 2023 вазъи мураккаби геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои ҳарбию тиҷоратӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ байни кишварҳои абарқудрат, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим шиддат гирифта, иқтисоди глобалиро ноустувор ва душвор гардонид.

 

Новобаста аз таъсири омилҳои берунаи қайдгардида дар натиҷаи амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои таъмини суръати пешбинишудаи рушди иқтисодии кишвар, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дар соли 2023 дар маҷмӯъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 130,8 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,3 фоизро ташкил дод.

Рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12 фоиз, кишоварзӣ 9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 22,5 фоиз, боркашонӣ 16,6 фоиз, гардиши савдо 13,4 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 14,1 фоиз ва мусофиркашонӣ 9,8 фоиз ба миён омад.

Сатҳи таваррум дар соли 2023 3,8 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм (4,2 фоиз) 0,4 банди фоизӣ кам аст. Таваррум дар ин давра аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 3,4 фоиз, молҳои ғайриозуқа 6,6 фоиз ва хизматрасонӣ 1,2 фоиз ташаккул ёфтааст.

Дар соли 2023 дар соҳаи саноат ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд.

Дар соли 2023 дар ҳудуди кишвар 729 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 4846 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 46,8 млрд. сомонӣ баробар гардид ва суръати рушди он 12 фоизро ташкил дод.

Рушди соҳаи саноат аз ҳисоби 12,3 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати коркард, 11,7 фоиз саноати истихроҷ, 7 фоиз таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 20,9 фоиз таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа таъмин гардидааст.

Истеҳсоли неруи барқ дар соли 2023-юм 21,9 млрд. кВт. соатро ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм 461 млн. кВт. соат ё 2,2 фоиз афзоиш ёфт.

Дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 63 млрд. сомонӣ ва суръати рушди он 9 фоизро ташкил дод, аз ҷумла растанипарварӣ 6,8 фоиз ё 43,4 млрд. сомонӣ ва чорводорӣ 14,1 фоиз ё 19, 7 млрд. сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ кишти зироатҳои кишоварзӣ дар майдони 861,4 ҳазор гектар гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2022-ум 1,7 ҳазор гектар зиёд мебошад. Аз майдони умумии кишти асосӣ 235 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ (2 фоиз зиёд нисбат ба соли 2022) ва 627 ҳазор гектарро кишти баҳорӣ (0,4 фоиз кам нисбат ба соли 2022) ташкил медиҳад.

Инчунин кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар майдони 116582 гектар гузаронида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 2 фоиз зиёд шудааст.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо 1,8 млн. тонна, аз ҷумла гандум 860,8 ҳазор тонна, картошка 1,1 млн. тонна, сабзавот 3 млн. тонна, аз ҷумла пиёз 779,8 ҳазор тонна, полизӣ 1 млн. тонна, мева 664,3 ҳазор тонна ва пахта 344,4 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 ғалладонагиҳо дар сатҳи соли 2022, картошка 4,6 фоиз, сабзавот 11,5 фоиз, пиёз 16 фоиз, полизӣ 19,9 фоиз ва меваҷот 29,7 фоиз зиёд гардид, ҳамзамон гандум 7,9 фоиз ва пахта 14,9 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ҳамзамон дар соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда (дар вазни зинда) 342,7 ҳазор тонна (14 фоиз зиёд нисбат ба соли 2022), гӯшти паранда (дар вазни зинда) 55,4 ҳазор тонна (13,8 фоиз зиёд), шир 1118,5 ҳазор тонна (5,1 фоиз зиёд), пашм 8755,4 тонна (4,5 фоиз зиёд), моҳӣ 5454,4 тонна (14,9 фоиз зиёд) ва тухм 1223,7 млн. донаро (1 фоиз зиёд) ташкил намудааст.

Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 85 адад (51 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 29 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 49,3 млрд. сомонӣ (4,5 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои грантӣ 32,9 млрд. сомонӣ (3 млрд. доллар) ё 67,1 фоиз, маблағҳои қарзӣ 15 млрд. сомонӣ (1,3 млрд. доллар) ё 29,7 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,3 млрд. сомонӣ (122 млн. доллар) ё 2,6 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 62,9 млн. сомонӣ (5,7 млн. доллар) ё 0,1 фоизро ташкил медиҳад.

Азхудкунии маблағҳо дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда дар соли 2023 7728,9 млн. сомонӣ (705,8 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад, ки дар маҷмӯъ ба 105 фоизи нақшаи молиявии соли 2023 баробар аст.

Дар соли 2023 ба ҷумҳурӣ 2690,4 млн. доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2022  4,4 фоиз зиёд мебошад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ба таври назаррас афзоиш ёфта, ба 8328,9 млн. доллар баробар гардид, ки нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2022-юм 13,9 фоиз ё 1019,4 млн. доллар зиёд мебошад.

Содироти мол да ин давра 2448,8 млн. долларро ташкил намуда, дар қиёс ба соли 2022-юм 14,3 фоиз ё 306,8 млн. доллар зиёд шудааст.

Дар соли 2023 дар натиҷаи татбиқи имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун корхонаҳои истеҳсолӣ бо технологияи муосир таъсис дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли молҳои ниёзи мардум афзоиш ёфт ва талаботи бозори дохилӣ таъмин ва сохтори содирот бо тадриҷ васеъ мегардад.

Аз ҷумла нишондиҳандаи содироти як қатор молу маҳсулоти нисбатан нав (мис, сурма, либосҳо, ҷуроб, нӯшокиҳои спиртдор ва беспирт, рангҳои сохтмонӣ, халтаҳои бастабандӣ, маҳсулоти тарканда, ресмони химиявӣ, орд, маҳсулоти кимиёӣ, трансформатор ва таҷҳизоти барқӣ, маҳсулот аз коғазу картон) ба маблағи 80 миллион доллар нисбат ба соли 2022-юм зиёд гардида, 350 миллион доларро ташкил дод.

Дар сохтори содиротии кишвар ҳиссаи металлҳои қиматбаҳо (гурӯҳи молии 71) 46,6 фоиз, маъданҳо 15,4 фоиз, нахи пахта ва маҳсулот аз он 10,2 фоиз, алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он 6,1 фоиз, қувваи барқ 4,5 фоиз, дигар металлҳои нимқиматбаҳо (сурма) 4,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 1,9 фоиз, таҷҳизоти барқӣ ва семент 1,4 фоизӣ, либосҳои гуногун 1,6 фоиз ва маҳсулоти кимиёи ғайриорганикӣ 1 фоиз, инчунин сурб ва маҳсулот аз он, металлҳои сиёҳ ва дигар молҳо назаррас аст.

Дар соли 2023 воридоти мол ба 5880,1 млн. доллар баробар гардида, нисбат ба соли 2022 13,8 фоиз ё 712,6 млн. доллар зиёд шудааст.

Дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти озуқаворӣ барои истеъмол 7,4 фоиз ва барои коркард 11 фоиз, воситаҳои нақлиёти заминӣ 12,8 фоиз, маҳсулоти нафтӣ 11,3 фоиз, таҷҳизоти технологӣ 8,5 фоиз, металлҳои сиёҳ 5,5 фоиз, мошинҳои барқӣ ва таҷҳизот ва чӯбу тахта ва маҳсулот аз он 4,2 фоизӣ, гази моеъ 3,1 фоиз, маҳсулоти полимерӣ 3 фоиз, маҳсулот аз металлҳои сиёҳ 2,3 фоиз, маҳсулоти кимиёи ғайриорганикӣ 2,1 фоиз, воситаҳои парвозкунанда ва маҳсулоти фармасевтӣ 1,6 фоизӣ, гилхок 1,3 фоиз, нуриҳо 1,1 фоиз ва ғайраҳо ташкил медиҳад.

Солҳои охир дар натиҷаи ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои ватанӣ ҳаҷми воридоти гӯшти мурғ, обҳои ташнашикан, маҳсулоти қаннодӣ, меваҳои ситрусӣ, маргарин, орд, маҳсулоти ширӣ нисбат ба солҳои қаблӣ ба таври назаррас коҳиш ёфт.

Бо назардошти тақвияти иқтидорҳои истеҳсолии воридотивазкунанда дар соли 2023 ҳаҷми воридоти орд нисбат соли 2022-юм 11,3 ҳазор тонна, хӯроки чорво 10,2 ҳазор тонна, маводҳои шустушӯйӣ 5,5 ҳазор тонна, нуриҳои минералӣ 23,6 ҳазор тонна ва равғани рапс 4,1 ҳазор тонна коҳиш ёфтаанд.

Шумораи умумии сайёҳони хориҷии ба ҷумҳурӣ воридшаванда дар соли 2023-юм 1 миллиону 30 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 72,3 ҳазор ё 8 фоиз зиёд мебошад.

Фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2023

Фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2023 ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд гардидаанд, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2023, №36 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, №116 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ» ва дигар қарору супоришҳои Ҳукумати кишвар вобаста ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии қабулшуда, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, таҳлили вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дарёфти роҳҳои муосири пешгирии таъсири омилҳои манфии беруна ва таъмини тамоюли мусбати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда буд.

Дар давраи ҳисоботӣ вазорат дар самтҳои таҳлил ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод, танзими савдои хориҷӣ ва дохилӣ, мониторинги барномаҳо ва тақвияти минтақаҳо, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуд.

Бо мақсади пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо гузаронида шуд, ки дар натиҷа дар соли 2023 дар доираи корбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ҳайси ҳамраиси қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар маҷмӯъ 661 млн. доллар маблағҳои грантӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷалб карда шуд.

Инчунин ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо таъсис дода шуд.

Дар соли 2023 вазорат 4 ҷаласаи онро бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳо дар мавзӯъҳои «Кам кардани талафоти нерӯи барқ ва ҷоринамоии низоми биллингӣ», «Таҳлили имкониятҳои рушд дар асоси истифодаи иқтидори истеҳсолӣ ва хавфҳои бо он алоқаманд дар нимсолаи якуми соли 2023», «Баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таъминоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорони тахассуснок» ва «Пешгирии болоравии беасоси нархҳои молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ» баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид ва барои дастури минбаъда ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол намуд.

Дар ин давра аз ҷониби вазорат як қатор таҳлилҳо дар самтҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ гузаронида шуда, ба Ҳукумати кишвар гузоришҳои дахлдор бо дарҷи таклифҳои мушаххас барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ пешниҳод шудааст.

Дар асоси дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат вазорат якҷо бо вазорату идораҳо ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷопон, Австрия, Узбекистон, Озарбойҷон, Қатар, ҷаласаи 6-уми Зеркомиссияи Комиссияи Тоҷикистону ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури ҶМЧ ва ҷаласаи 10-уми Кумитаи ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баргузор намуд.

Дар соли 2023 вазорат 47 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намуд, ки аз онҳо 14 лоиҳа қабул гардида, 19 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва 14 лоиҳа дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

Бо дар назар доштани шароити имрӯза ва ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026» таҳия шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, №308 қабул гардид ва иҷрои он барои таъмин намудани устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусоидат намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби вазорат лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023» таҳия ва бо қарори Ҳукумати кишвар аз 24 феврали соли 2023, №36 тасдиқ гардид.

Инчунин лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид, ки он аз 28 марти соли 2023, №125 тасдиқ гардид.

Ҳамзамон дар заминаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №331 «Дар бораи Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 29 майи соли 2023 ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ гузаронида шуда, қарори дахлдор қабул ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дастури минбаъда пешниҳод шуд.

Дар ин давра оид ба таъмини сифати мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи соҳавӣ ва маҳаллӣ аз ҷониби вазорат фармоиши Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2023, №23 «Дар бораи таъсис додани Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ» ба тасвиб расида, дар доираи он 26 барномаи соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифт гузоришҳои муфассал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуданд.

Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои соҳавӣ ва шарикони рушд 35 ҷаласаи гурӯҳҳои кории байниидоравии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз 30 машварату семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардида, дар рафти онҳо масъалаҳои омода намудани қисматҳои алоҳида ва муаррифии лоиҳаи Шарҳи ихтиёрии миллӣ, роҳандозии Платформаи миллии ҳадафҳои рушди устувор, таҳлили раванди татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегияи миллӣ ва барномаҳои соҳавию маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзӯи «Рушди сабз барои ояндаи дурахшони устувор ва фарогир» дар Форуми сиёсии сатҳи баланд, ки 9 июли соли 2023 дар шаҳри Ню Йорк баргузор гардид, муаррифӣ намуд.

Доир ба шомилшавии кишвар ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати Иттиҳоди Аврупо (GSP+) корҳо тақвият дода шуда, 240 тавсияҳо ва саволҳои аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо пешниҳодгардида баррасӣ ва ҷавобҳои мушаххас ба он ҷониб ирсол гардид.

Дар соли 2023 ҷаласаи 17-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардида, аз натиҷааш ба Ҳукумати ҷумҳурӣ Протокол ҷиҳати дастури минбаъда ба вазорату идораҳои дахлдор манзур карда шуд.

Вазорат лоиҳаи «Номгӯи ихтисосҳоро, ки ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ дар соли таҳсили 2023-2024 аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» пешниҳод мешаванд» таҳия намуд, ки бо супориши Ҳукумати кишвар ба мақомоти масъул барои корбарӣ пешниҳод карда шуданд.

Инчунин лоиҳаҳои нақшаҳои қабул ба магистратура, аспирантура, докторантура (анъанавӣ) ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва академияҳои давлатии ҷумҳурӣ барои соли таҳсили 2023-2024 таҳия ва тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ ба вазорату идораҳои масъул барои корбарӣ ирсол гардид.

Дар соли 2023 шумораи субъектҳои бақайдгирифташуда дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ 96 ададро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба 445,6 млн. сомонӣ баробар гардид.

Дар соли 2023 ҳаҷми сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба 107,9 млн. сомонӣ баробар гардида, аз ҷониби онҳо ба буҷети давлатӣ 48,9 млн. сомонӣ боҷҳои гумрукӣ ва адозӣ пардохт карда шуд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 фармоиши вазорат оид ба фаъолияти асосӣ, аз ҷумла 9 фармоиши назоратӣ таҳия гардид, ки рафти иҷрои онҳо таҳти назорати доимии роҳбарият қарор дорад.

Дар соли 2023 ба вазорат 14280 адад мактуб, аз ҷумла 3920 адад аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7882 адад аз вазорату идораҳо, 800 адад лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, 205 адад аз муассисаҳои зертобеъ, 560 адад аз кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, 262 адад ҳуҷҷати махфӣ, 51 адад аризаву муроҷиати шаҳрвандон ва 600 адад тариқи факс аз мақомоти давлатӣ ворид гардиданд.

Бо назардошти талаботи мактубҳои воридшуда аз ҷониби вазорат 5800 адад мактуби ҷавобӣ (аз ҷумла 170 адад ҳуҷҷати махфӣ) ва таклифу пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо ирсол карда шуд.

Бо мақсади муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ва дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои стратегӣ ба ҷомеа дар сомонаи вазорат навсозии маълумот мунтазам амалӣ гардида, дар соли 2023 ба он 139 хабар, бахусус вобаста ба вохӯриҳо ва сафарҳои дохилию хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин 182 мулоқоти роҳбарияти вазорат бо намояндагони созмонҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва дигар чорабиниҳои вазорат ҷойгир карда шуданд.

Дар ин давра ба зиёда аз 34 муроҷиати намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ вобаста ба гирифтани маълумот доир ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҷониби мутасаддиён дар муҳлатҳои муайяншуда ҷавоб гардонида шуд.

Вазорат ҷиҳати иҷрои дастури супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазифаҳои низомномавии худ минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешида, маълумоти дахлдорро аз натиҷаи онҳо тибқи тартиби муқарраргардида дар сомонаи вазорат ва расонаҳои чопию интернетӣ ба нашр мерасонад.

Рақам барои тамос: 221-62-08;

www.medt.tj; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. .

Барои қайд: