Нишасти матбуотӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 «Дар бораи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2023 баргузор гардид.
Нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи кормандони воситаҳои ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар (беш аз 47 намояндагон) таҳти раёсати роҳбарияти вазорат гузаронида шуд.
Дар оғози нишаст аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин вобаста ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2023 гузориши муфассал тариқи рӯнамо пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон барои намояндагони воситаҳои ахбори омма пресс-релиз бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешкаш гардид.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарияти вазорат ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, содироти навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзию саноатии дар кишвар истеҳсолшаванда, истеҳсол, коркарду содироти алюминий ва ғайра посух дода шуд.