«Беҳтар намудани бехатарии санитарӣ, фитосанитарӣ ва бойторӣ бо мақсади таъмини солимии ҷомеа ва баланд бардоштани рақобатпазирии молҳо дар бозорҳои хориҷа»
22 сентябри соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии Барномаи Рушди СММ (БРСММ) мизи мудаввар таҳти унвони «Беҳтар намудани бехатарии санитарӣ, фитосанитарӣ ва бойторӣ бо мақсади таъмини солимии ҷомеа ва баланд бардоштани рақобатпазирии молҳо дар бозорҳои хориҷа» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ ва доираи васеи бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни нишаст қайд гардид, ки баъди ворид шудани ҶТ ба СУС, Ҳукумати кишвар гузаронидани ислоҳотро дар соҳаи санитарӣ ва фитосанитарӣ (СФС) оғоз намуд. Иқдоми нахустини Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт таъсиси Гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳти Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба СФС ва монеаҳои техникӣ дар савдо (МТС) ҷиҳати баррасии пешрафт дар соҳаи СФС ва амнияти озуқаворӣ то моҳи апрели соли 2015 мебошад ва ҳамчунин муайян намудани иқдомҳои дигаре, ки то охири соли 2017 бояд анҷом дода шавад.
БРСММ фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравиро дастгирӣ намуда, кӯмаки техникиро ба воситаи лоиҳаҳои «Мусоидат ба савдо» ва «Кӯмаки техникӣ ҷиҳати беҳтар намудани бехатарии санитарӣ, фитосанитарӣ ва бойторӣ бо мақсади таъмини солимии ҷомеа ва баланд бардоштани рақобатпазирии молҳо дар бозорҳои хориҷа» таъмин менамояд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо БРСММ чорабинии мазкурро ташкил намуда, лоиҳаи Нақшаи рушд- нақшаи афзалиятҳо барои таъмини амнияти миллӣ ва беҳтар намудани рақобатпазирӣ дар бозорҳои хориҷиро муҳокима карданд.
Натиҷаҳои мизи мудаввар барои анҷоми муваффақиятноки Нақшаи рушд ҳамчун асос хизмат намуда, дар оянда ба донорҳо ва ташкилотҳои дигар барои иҷро ва дастгирӣ намудани ташаббуси мазкур пешниҳод мегардад.