Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири давлатии тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷонибаро густариш медиҳанд

.

  

Рӯзи 24 феврали соли 2024 дар шаҳри Абу Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳошияи Конфронси 13-уми вазирони кишварҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А. бо Вазири давлатии тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Сонӣ бин Аҳмад Ал Зиёдӣ баргузор гардид.

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ҳарду давлат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба сатҳи баланд расида, имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо рушд доранд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷонибаро муҳокима намуданд.

Завқизода З. А. аз ҳамтои худ даъват ба амал овард, ки барои ҷалби сармояи Аморати Мутаҳидаи Араб ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус сохтмону азнавсозии неругоҳҳои барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатии муштарак, истихроҷи маъданҳо ва сохтмони инфрасохтори логистикию сайёҳӣ мусоидат намояд.

Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки дар соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии дуҷониба 84 фоиз афзоиш ёфт.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баён намуданд.