Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори генералии Фонди рушди Абу Дабӣ масъалаи ҷалби маблағҳоро барои лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» муҳокима намуд
28 феврали соли 2024 дар шаҳри Абу Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар доираи Конфронси 13-уми вазирони кишварҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори генералии Фонди рушди Абу Дабӣ Муҳаммад Сайф Ал Сувайдӣ баргузор гардид.
Қайд гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ҳарду давлат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, аз ҷумла Фонди рушди Абу Дабӣ ба сатҳи баланд расида, имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо рушд доранд.
Завқизода З. А. имкониятҳои бузурги энергетикии кишвар, бахусус энергияи сабзро муарифӣ намуда, аз Директори генералии Фонди рушди Абу Дабӣ даъват ба амал овард, ки барои лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» ва нерӯгоҳҳои офтобию бодӣ маблағгузорӣ намояд, ки хуш пазируфта шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баён намуданд.