Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдо дар Форуми Ҳадафҳои Рушди Устувор дар шаҳри Женеваи Швейтсария иштирок намуд

.

  

Рӯзҳои 13-14 марти соли ҷорӣ ҳайати расмии кишвар бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар Форуми Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар доираи Комиссияи Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои минтақаи Аврупо дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар Форуми мазкур муколамаи сатҳи баланд байни кишварҳои аъзои Комиссияи Иқтисодии СММ барои минтақаи Аврупо доир гардида, иштироккунандагон вобаста ба дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда дар татбиқи пурраи Рӯзномаи 2030 табодули афкор намуданд.

Завқизода З.А. қайд намуд, ки Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, аз ҷумла новобаста аз таъсири манфии буҳронҳои глобалии иқтисодӣ дар давоми солҳои 2015 – 2023 рушди миёнасолонаи иқтисодии кишвар 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ 1,6 маротиба коҳиш ёфт ва дар натиҷа созмонҳои байналмилалии молиявӣ таҷрибаи Тоҷикистонро дар ин самт таҷрибаи муваффақ арзёбӣ намуданд.

Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин дар ҷаласаҳои ҷудогонаи Форум вобаста ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ (ҲРУ 1) ва густариши ҳамкориҳо дар самти гузариш ба рақамигардонӣ (ҲРУ 17) иштирок ва суханронӣ намуд.

Чорабиниҳои Форум идома доранд.