Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар Форуми тиҷоратии 5+1 (B5+1) иштирок намуд
Рӯзи 14 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин дар Форуми тиҷоратии 5+1 (B5+1), ки барои густариши ҳамкориҳои соҳибкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико равона гардидааст, иштирок намуд.
Нуриддинзода А.Н. зимни суханронии худ қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариши муносибатҳои бисёрҷониба дар платформаи Осиёи Марказӣ – ИМА аҳамияти хоса медиҳад.
Форуми мазкур минбари баррасии масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва пешниҳоди қадамҳои мушаххас барои ҳалли онҳо гардида, ҳамчун оғози расмии платформаи В5+1, ки он моҳи сентябри соли 2023 дар нишасти сарони давлатҳо дар Ню Йорк пешниҳод шуда буд, хизмат менамояд.