Навиди Вазорат



Байни Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири молияи Подшоҳии Арабистони Саудӣ масъалаи зиёд намудани маблағгузории Арабистони Саудӣ барои татбиқи НБО «Роғун» муҳокима гардид

.

  

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли 2024 тариқи видеоконфронс вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири молияи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Муҳаммад Ал-Ҷадаан баргузор гардид.

Қабл аз ҳама Завқизода З. А. миннатдории худро ба Арабистони Саудӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои афзлиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, ҷонибҳо ба масъалаи ҷалби сармоя барои сохтмони НБО «Роғун» таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. 

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ афзалияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо аз Вазири молияи Подшоҳии Арабистони Саудӣ хоҳиш намуд, ки вобаста ба зиёд намудани маблағҳои Фонди Саудии Рушд барои татбиқи НБО «Роғун», инчунин ҷудо намудани маблағҳои имтиёзноки Бонки Исломии Рушд ба лоиҳаи номбурда мусоидат намояд.

Вобаста ба дархости ҷониби Тоҷикистон Вазири молияи Подшоҳии Арабистони Саудӣ омодагии худро ҷиҳати корбарӣ намудан бо Фонди Саудии Рушд ва Бонки Исломии Рушд барои зиёд намудани маблағгузории имтиёзноки лоиҳаи НБО «Роғун» баён кард.

Қайд бояд кард, ки айни ҳол бо Фонди Саудии Рушд созишнома барои маблағгузории сохтмони НБО «Роғун» дар ҳаҷми умумии 100 миллион доллар ба имзо расонида шудааст ва Бонки Исломии Рушд барои сохтмони иншооти қайдгардида 150 миллион долларро ҷудо кардааст.