Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


“Нақши соҳибкорӣ дар рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”

.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади мусоидат намудан дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди минтақаҳои алоҳидаи он, чун анъана анҷуманҳои байналмилалии иқтисодиро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамасола баргузор менамояд. 

Бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои аввали таҷлили нахустин солгарди “Рӯзи Соҳибкор” Анҷумани иқтисодии байналмилалии Ҳисор-3000 дар мавзӯи “Нақши соҳибкорӣ дар рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардида истодааст. Ҳадафи асосии чорабинии мазкур ин пеш аз ҳама, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бахши хусусӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои тобеи марказ ва дар ин замина ҷалби бештари сармоягузориҳо ва муҳокимаи масъалаҳои беҳтар намудани шароит барои рушди соҳибкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Файзобод, Рӯдакӣ ва Варзоб мебошад.

Таҳти унвони “Ҳисор-3000” барпо намудани Анҷумани иқтисодии байналмилалии мазкур аз як тараф бори дигар муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги пурғановати қадимаи Ҳисори Шодмон бошад, аз ҷониби дигар ба сазовор ҷашн гирифтани 3000 солагии Ҳисор алоқаманд аст.

Қобили тазаккур аст, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани чорабинии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни 3000 солагии Ҳисор” таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки бо ин мақсад аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузори равона намудани 508,4 млн. сомонӣ дар назар дошта шуда, айни замон корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ин самт идома дорад. Дар ин замина, 9 октябри соли 2015 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анҷумани иқтисодии байналмилалии Ҳисор-3000 таҳти унвони «Нақши соҳибкорӣ дар рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз ёфт, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматулло Ҳикматуллозода, Роҳбари кишварии БРСММ дар Тоҷикистон, ҷаноби Норимаса Шимомура, Муовини Роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон- ҷаноби Фабио Пиана, намояндаи Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон, ҷаноби Си Си Ю ва дигар намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат варзида, баргузории чорабинии мазкурро дар рушди минтақаҳои кишвар фоли нек арзёбӣ намуданд.

Дар ин замина, намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нерӯи сармоягузории Тоҷикистон» ба иштирокдорон иттилои мушаххас пешниҳод намуд. Илова бар ин, дар доираи чорабинии мазкур аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои Шаҳринав, Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Файзобод, Рӯдакӣ ва Варзоб муаррифии Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои зикргардида барои давраи миёнамуҳлат, анҷом дода шуд.

Дар ин раванд, қайд гардид, ки айни замон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои болозикр бо кӯмаки методию машваратии мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдо як қатор Барномаҳои рушд, аз ҷумла “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҳисор барои солҳои 2012-2016”, “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2015-2019”, “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат барои солҳои 2016-2020”, “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2016-2020”, “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав барои давраи то соли 2015”, “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Варзоб барои солҳои 2016-2020” ва “Барномаи рушди ноҳияи Рӯдакӣ барои солҳои 2010-2012” таҳия гардида, аксари онҳо мавриди татбиқ қарор доранд.

Масалан:

- ба “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҳисор барои солҳои 2012-2016” 150 лоиҳа ба маблағи 1078,2 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки аз он 50 лоиҳа ба маблағи 480,9 млн. сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 54 лоиҳа ба маблағи 378,5 млн. сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 38 лоиҳа ба маблағи 209,4 млн. сомонӣ ба бахши инфрасохтор ва 8 лоиҳа ба маблағи 9,4 млн. сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда равона шудааст. Тибқи номгӯи чорабиниҳои ба Барнома замимагардида тӯли солҳои 2012-2014 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1052,2 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин 273,8 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 8,5 млн. сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ, 18,5 млн. сомонӣ маблағҳои худӣ, 63,5 млн. сомонӣ маблағҳои хусусӣ, 183,6 млн. сомонӣ маблағҳои соҳибкорону ҳиссаи аҳолӣ, 405,2 млн. сомонӣ сармояи хориҷӣ ва дар доираи 99,1 млн. сомонӣ лоиҳаҳои сарчашмаи маблағгузориашон номаълум ташкил медод.

- тибқи нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав дар давраи то соли 2015” барои сохтмону барқарорсозӣ ва таҷдиди иншоотҳо дар солҳои 2007-2015 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 119,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ 69,5 млн. сомонӣ, маблағҳои худии вазорату идораҳо 19,5 млн. сомонӣ, маблағҳои шахсии шаҳрвандон 17,3 млн. сомонӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ 13,2 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки таи солҳои 2007-2014 барои корҳои бунёду барқарорсозӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 95,1 млн. сомонӣ (79,6 фоиз) равона шудааст, ки аз он 29,7 млн. сомонӣ (31,2 фоиз) ба буҷети ҷумҳуриявӣ, 17,1 млн. сомонӣ (18,0 фоиз) ба буҷети маҳаллӣ, 7,9 млн. сомонӣ (8,3 фоиз) ба маблағҳои худӣ, 5,2 млн. сомонӣ (5,4 фоиз) ба сармояи хориҷӣ ва 35,3 млн. сомонӣ (37,1 фоиз) ба маблағҳои шахсии аҳолӣ рост меояд.

- ба “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат барои солҳои 2016-2020” 193 лоиҳа ворид гардида, маблағи умумии он 1 млрд. 72,8млн. сомонӣ мебошад. Аз шумораи умумии лоиҳаҳои ба Барнома воридгардида 36 лоиҳа ба маблағи 734,4 млн. сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 72 лоиҳа ба маблағи 159,7 млн. сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 67 лоиҳа ба маблағи 151,5 млн. сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 6 лоиҳа ба маблағи 12,2 млн. сомонӣ ба бехатарии муҳити зист, 5 лоиҳа ба маблағи 3,2 млн. сомонӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва 7 лоиҳа ба маблағи 11,8 млн. сомонӣ ба таъминоти захиравӣ тааллуқ доранд.

- ба “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2016-2020” 191 лоиҳаи афзалиятнок бо маблағи 231,5 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки аз ин 88 лоиҳа бо маблағи 103,1 млн. сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 47 лоиҳа бо маблағи 66,2 млн. сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 34 лоиҳа бо маблағи 52,1 млн. сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 13 лоиҳа ба маблағи 8,8 млн. сомонӣ бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда ва 9 лоиҳа бо маблағи 1,3 млн. сомонӣ ба бахши таъминоти захиравӣ рост меояд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ вобаста ба иқтидори рушди минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» аз ҷониби сардори Раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Розиқов Фаридун ба иштирокчиён маълумоти муфассал манзур гардид. Таъкид гардид, ки то имрӯз, дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар маҷмуъ 61 субъект: дар МОИ «Суғд»-27 субъект, дар МОИ «Данғара»-26 субъект ва дар МОИ «Панҷ»-8 субъект ба қайд гирифта шудааст. Аз миқдори умумии субъектҳои бақайдгирифташуда, айни замон, дар МОИ «Суғд» 13 ширкат ва дар МОИ “Данғара” 3 субъект пурра фаъолият менамоянд, ширкатҳои боқимонда ба корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани таҷҳизотҳо машғуланд. Ба санаи 01.08.2015с., дар МОИ кишвар ба маблағи беш аз 136 млн. сомонӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, хизматрасониҳо ва фаъолияти содиротию воридотӣ анҷом дода шудааст. Шумораи умумии ҷойҳои кории ташкилгардида дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба 1028 расидааст.

Инчунин, аз рӯи мавзӯҳои “Арзёбии вазъи имрӯзаи иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи илмӣ ва амалӣ”, “Таҳияи пешниҳодҳои мушаххас барои беҳтар намудани фаъолияти МОИ дар Тоҷикистон”, “Рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи рушди МОИ” ва ғайра маърӯзаҳо ироа гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи Анҷумани мазкур санаи 8 октябри соли ҷорӣ дастовардҳои молҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ дар қалъаи Ҳисор ба намоиш гузошта шуда, инчунин иштирокчиён аз фаъолияти КВД «Талко» ва комплексҳои саноатии шаҳри Турсунзода дидан намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва Ассотсиатсияи соҳибкории инноватсионӣ ва технологӣ, инчунин Ёддошти тафоҳум байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб ва Файзобод ва бахши хусусӣ ба имзо расиданд.