Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори генералии Гурӯҳи миллии логистикии Ҷумҳурии Исломии Покистон вохӯрӣ намуд
1 апрели соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори генералии Гурӯҳи миллии логистикии Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал-майор Фаррух Шеҳзад Рао баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати дурандешонаи роҳбарони ҳарду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни давлатҳо ба сатҳи баланд баромадаанд.
Дар робита ба ин қайд гардид, ки дар соли 2023 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Покистон нисбат ба соли 2022-юм 1,6 маротиба афзоиш ёфта, ба 52,7 миллион доллар баробар шуд.
Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои густариши ҳамкориҳоро дар самтҳои савдо, иқтисод ва сармоягузорӣ муҳокима карда, ба масъалаи содироти меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз карданд.