Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
2-юми апрели соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати дурандешонаи роҳбарони ҳарду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни давлатҳо ба сатҳи олӣ баромадаанд.
Дар робита ба ин қайд гардид, ки дар соли 2023 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Эрон нисбат ба соли 2022-юм 6,8 фоиз афзоиш ёфта, ба 254,5 миллион доллар баробар шуд.
Дар рафти вохӯрӣ Завқизода З. А. вобаста ба андешидани чораҳои зарурӣ дар самти таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, дорусозӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд, ки он аз ҷониби Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон хуш пазируфта шуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз карданд.