Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 19-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) оид ба савдоро раисӣ намуд
3 апрели соли 2024 дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи 19-уми Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо бо иштироки намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагон аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардид, ки чорабиниро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин раисӣ намуд.
Нуриддинзода А.Н. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳамчун раиси Гурӯҳи кории қайдгардида оид ба корҳои иҷрогардида дар доираи СПЕКА, аз ҷумла масъалаҳо вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзои СПЕКА, тавсеа ва татбиқи минбаъдаи ҳадафҳо барои савдои устувор дар минтақа маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар дар соҳаи савдо муайян намуданд, ки дар натиҷаи он дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст.
Ҳамзамон дар доираи ҷаласа аз ҷониби коршиносони ташкилотҳои байналмилалӣ вобаста ба мавзӯҳои рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ ва рушди робитаҳои минтақавӣ рӯнамоҳо пешниҳод карда шуд.
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби Раиси гурӯҳи корӣ - Нуриддинзода А. Н. ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи савдо байни кишварҳои манфиатдор тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.
Қайд бояд кард, ки Тоҷикистон раисии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дорад, ки он яке аз механизмҳои фаъоли СПЕКА маҳсуб ёфта, дар доираи он то кунун якчанд санадҳои стратегӣ оид ба тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратии минтақавӣ ва содагардонии расмиёти савдо қабул карда шудааст.