Навиди Вазорат



Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло санаи 5 апрели соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ 96 ширкатҳои ватанию хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 35 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 34 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 8 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», 14 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ва 5 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва рост меояд.

Аз оғози фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ 1462 нафар ҷойҳои корӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузориҳо бошад ба 2350 млн. сомонӣ расидааст.

Айни ҳол аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсоли металлоконструксия, профилҳои алюминӣ ва пластикӣ барои дару тирезаҳо, лӯлаҳо ва зарфҳои пластикӣ, ноқилҳои барқӣ, рангубори сохтмонӣ, маҳсулоти металлопластикӣ, дару тирезаҳои чубин, маҳсулоти ороишии сохтмонӣ, мебел ва маводҳои шустушӯӣ ба роҳ монда шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2023 ба 445,6 млн. сомонӣ (25,4 млн. сомонӣ зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли 2022) баробар гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз оғози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба 2302 млн. сомонӣ баробар гардидааст.

Дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои қаблии Шӯрои нозирон ва ҳисоботи роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Кӯлоб», «Панҷ» ва «Ишкошим» оид ба фаъолияти минтақаҳо дар соли 2023 шунида шуд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовини Раиси Шӯро Завқизода Завқӣ Амин дар муҳокимаҳо иштирок намуда, вобаста ба роҳҳои боз ҳам рушд додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ таклифҳо пешниҳод намуд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси Шӯрои нозирон ба вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва содироти онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.

  

  

  

  

  

  

  

  

  

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное